Хадамоти матбуотии Президент: Азим Иброҳим бо Маматалиев мулоқот накардааст
Хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар Бадахшони Куҳӣ қарор дошта, бо ҳамтои қирғизи худ мулоқоте анҷом надодааст.
Субҳиддин Муҳиддинов, машваратчии калони Хадамоти матбуотии президент имрӯз, 5 август ба “Озодагон” гуфт, Азим Иброҳим бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии ахир ва барқарорсозии иншоотҳои зарардида дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон қарор дорад: “Ӯ бо муовини нахуствазири Қирғизистон мулоқот накардааст”.
Қаблан, Назира Ахмедова, сухангӯи ҳукумати Қирғизистон ба бахши русии “Озодагон” гуфт, соати 14:00-и имрӯз Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон бо ҳамтои тоҷикаш – Азим Иброҳим дар шаҳри Хуҷанд мулоқот кардааст. Ба иттилои хонум Ахмедова, “дар мулоқот масъалаи андешидани чораҳо дар робита ба қазияи Боткент ва ҳалли чанд масоили марзӣ баррасӣ хоҳад шуд”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар робита ба таниши ахири марзӣ бо Райимбердӣ Дуйшенбиев, сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Рӯзи 3 августи соли равон таниши марзие дубора дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад. Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ин муноқиша миёни сокинони марзии ду кишвар баъди он сар задааст, ки қирғизҳо роҳи оби тоҷиконро бастаанд: “Вақте тоҷикон хостанд, қубурҳои обгузарро барқарор кунанд, қирғизҳо ба сангзанӣ оғоз карданд. Тоҷикон низ ҷавоб дода, тарафи онҳо санг андохтаанд”.
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитати амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия муноқиша миёни тоҷикону қирғизҳоро дар марз шарҳ дода, яке аз дастандаркорони муташанниҷ шудани вазъ дар сарҳадро Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсойи Қирғизистон арзёбӣ кард. Дар иттилоия гуфта мешавад, "4 август, соати 12:30 аз ҷониби сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд Ҷумҳурии Қирғизистон истифодабарии силоҳи оташфишон-яроқи шикорӣ ва “коктейлҳои Молотов” ба сӯи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониён ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шудаанд".