Амнияти Қирғизистон муаллифи акси байрақи ДИИШ дар биноҳои Бишкекро меҷӯяд
Муаллифи акси байрақи ДИИШ дар биноҳои Бишкек таҳти пайгард аст.
Кумитаи амнияти милли Қирғизистон муаллифи аксеро, ки парчами гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро дар биноҳои Бишкек нишон медиҳад, мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст. Ба иттиллои ниҳоди амниятии Қирғизистон, ин акс шоми 4 августи соли равон дар саҳифаи “Фейсбук”-и корбаре бо номи Гураб Муслимов нашр шудааст. Ин акс биноҳои парлумон, майдони Ала-Тоо ва Донишгоҳи исломии Бишкекро бо парчами ДИИШ нишон медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин акс навишта шудааст, ки “Ҷанги хилофат, туро дар Қирғизистон, шаҳри Бишкек мунтазирем”.