Фармони Президент барои таъсиси медали ҷашнии Гвардияи Миллӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъсиси медали ҷашнӣ-“20-солагии Гвардияи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон” фармон содир кардааст.
Тибқи иттилои манбаи “Озодагон” фармони раисиҷумҳур дар ин бора 25-уми июл имзо гардида, медали нав бо қарори фармондеҳи Гвардияи миллӣ тақдим хоҳад шуд: “Бо ин медал дар баробари хизматчиёни низомию кормандони мулкии Гвардияи миллӣ инчунин метавонанд кормандони дигар ниҳодҳои қудратӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ сарфароз гарданд”.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон 20-умин солгарди таъсиси Гвардияи миллӣ, воҳиди махсуси низомии кишвар таҷлил мешавад.