"Эродҳои ҷиддӣ"-и Э.Раҳмон нисбат ба Абдуқодирзода ва таъкид барои хайру садақа ба ниёзмандон
Эмомалӣ Раҳмон,раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хостааст, то ба кӣ раво будани хайру садақаро ба мардум дуруст фаҳмонад.
Оқои Раҳмон имрӯз, 5 август аснои маҷлиси васеи ҳукумат оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Бадахшон ва дигар минтақаҳо дар хитоб ба Абдуқодирзода гуфтааст, “хайру садақа на ба олимону ходимони дин, балки ба мардуми камбизоату ниёзманд бояд дода шавад”.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, "Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба раиси Шӯрои уламои мамлакат барои иштирок дар маъракаҳои шахсони мансабдор эродҳои ҷиддӣ гирифта, супориш доданд, ки дар ҳама ҳолат бояд паҳлуи мардуми бечора ва мусибатзада бошанд ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд".
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва тамоми мардуми саховатпеша муроҷиат намуда, таъкид намудаасӣ: “Ана ин ҷост ҷойи хайроту садоқот. Ҳар ки мехоҳад хайру садақа анҷом диҳад ва аз аҷру савоби беандозаи худованд бархӯрдор бошад, дасти кумаки худро ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар ноҳияҳои осебдида дароз кунанд”.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин ҷаласа ба масъулин супориш дода шудааст, ҳар нафари зарардида аз ҳодисаҳои табиии ахир -- аз хурд то бузург бо сару либоси тобистонаву зимистона таъмин гарданд. Эмомалӣ Раҳмон инчунин иброз доштааст, ҳар оилаи зарардида бо тамоми номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему курпача, асбоби ошхона ва ҳатто риштаву сӯзан таъмин гардад. Президенти кишвар дар ин ҷаласа ҷиҳати бартарафсозии зарари офатҳои табиӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, иброз доштааст, ҳар хонаводаи зарардида то 6 моҳ бо маводи ғизоӣ ва дар зимистони дарпешистода бо дигар маводҳои зарурӣ, аз қабили ангишт ва дигар асбобу ҷиҳози гармидиҳанда таъмин гарданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш додааст, фарзандони оилаҳои зарардида дар соли нави хониш ба мактаб фаро гирифта ва бо сару либоси мактабӣ ва дигар ҷиҳози хониш сари вақт таъмин карда шаванд. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, пайомади офати табиӣ дар муҳлати кутоҳ бартараф шуда, то 6 ноябри соли равон зарардидаҳо бо манзили зист, ашёву асбоби рӯзгор ва маводи ғизоӣ таъмин гардида, ҳамзамон роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ аз нав барқарор мешаванд.