Ҷазои 2 тоҷир барои муомилоти ғайриқонунӣ бо $ дар “ЦУМ”
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, як фурӯшандаи телефонҳо дар Фурӯшгоҳи марказӣ ё худ “ЦУМ”-ро барои харидуфурӯши мол бо асъори хориҷӣ ҷарима бастааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин тоҷир дар мурофиа иқрор кардааст, ки телефонҳоро бо доллар фурӯхтааст ва аз додрас хоҳиш намудааст, ки нисбаташ ҷазои сабук татбиқ гардад: “Додрас фурӯшандаи телефонҳоро дар нақзи моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба андозаи 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 480 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст”.
Додгоҳ инчунин аз ҷаримабандии як сокини дигари пойтахт иттилоъ дод, ки бе иҷозатнома дар назди маркази савдои “Цум” ба харидуфурӯши доллар машғул шудааст: “Ин шаҳрванд низ бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба андозаи 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 480 сомонӣба фоидаи давлат ҷарима карда шуд”.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузории кишвар савдои молу амвол дар кишвар бояд бо пули миллӣ-сомонӣ сурат гирад ва афроде, ки бо харидуфурӯши доллар сарукор доранд, бояд иҷозатномаи махсуси Бонки Миллиро дошта бошанд.