Пешниҳод: Барои нобиноён ҷойи садақагирӣ сохта шавад
Як хонандаи “Озодагон” пешниҳод кардааст, барои афроди маъюб, ба вижа нобиноён дар ҷойҳои серодам ва масоҷиду беморхонаҳо ҷои махсуси садақагирӣ роҳандозӣ шавад.
Ин хонанда пешниҳоди худро дар пайи нашри хабари “Боздошти 162 гадои ноболиғ: Дар 1 рӯз 300 сомонӣ кор мекунам...” ироа кардааст. Дар ин хабар гуфта мешавад, мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 162 ноболиғро барои талабандагӣ дар хиёбонҳо боздошт кардаанд. Дар пасманзари ин хабар аз гузориши Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ёд мешуд, ки аз афзоиши талабандагии ноболиғон дар пойтахт иттилоъ дода мешуд. Савригул, гадодухтари наврас дар кӯчаи Лоҳутӣ дар ин навор мегуфт, даромади рӯзонааш 250-300 сомонӣ мебошад.
Хонандаи торнамои хабаргузории “Озодагон” дар пайи ин рақам навишта, “даромади хуб”. Ӯ, ки номашро ифшо накардааст, мегӯяд, ба дунболи хабар фикри ғалатие ба сараш омадааст: “Мефахмам, ки на ҳама онро қабул мекунанд, аммо ба ҳар ҳол мегӯям”. Ин хонанда меафзояд, дар ҳоле ки маъюбон ва хусусан нобиноён аз корхонаҳошон маҳрум шуда, “кор карда зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд, шояд ба онҳо дар назди бозору беморхонаю масоҷид ва ҷойҳои мардумгузар ҷои садақагирӣ ҷудо кунем? Бо навбат баромада, кор кунанд. Ҳар хел мардумфиребонро пеш кунанду инҳоро шинонанд”.
Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи сеюми август дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз талабандагӣ дар кӯчаву роҳҳои нақлиётии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини Раёсати умури дохилии пойтахт хост, ҷилави ин равандро бигирад.