Ҳамзамон, Абдуллои Муҳақиқ, таҳлилгари масоили динӣ ва иҷтимоӣ мегӯяд, барои гирифтор нашудан ба ҳар гуна хатарҳо, пеш аз ҳама роҳҳои дурусти тарғиботиро миёни сокинони Тоҷикистон мебояд роҳандозӣ кард. Бархе аз иштиркочиён дар ин нишаст иброз доштанд, ки марги Раббонӣ кори дасти кишварҳои абарқудрат аст ва толибон ин ҷо як восита мебошанд.
Зимнан, афроди саршиноси кишвар аз қабили Давлат Усмон, сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло, файласуф Меҳмоншо Шарифзода ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва доираи васеи хабарнигорон дар ин ҳамойиш ширкат ва назароти худро баён карданд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ ба нашр хоҳад расид.{jathumbnail off}