Бозгашти сарвазир аз истироҳат баъди таниши қирғизҳо бо тоҷикон дар марз
Темир Сариев, сарвазири Қирғизистон дар пайи шиддат ёфтани вазъ дар марз бо Тоҷикистон рухсатии меҳнатияшро қатъ карда, бо баргузории ҷаласаи изтирорӣ ноибаш Абдураҳмон Маматалиевро масъули гуфтушунид бо мақомоти тоҷик таъин кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти қирғиз Сариев тобеинашро муваззаф кардааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти тоҷик 4 август соати 12.30 сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд Ҷумҳурии Қирғизистон алайҳи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониёни Тоҷикистон силоҳи оташфишон-яроқи шикорӣ ва “коктейлҳои Молотов”-ро истифода кардаанд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шудаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, феълан вазъ дар марз ором буда, гуфтушуниди дуҷониба ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ идома дорад.