Даъвати Вазорати хориҷӣ аз донишҷӯёни мамнуулвуруд ба Русия
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷик, ки вурудашон ба қаламрави Русия манъ аст, даъват кардааст, барои ҳалли ин мушкил ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.
Ин даъвати вазорат рӯзи 4 август тавассути як иттилоияи расмӣ, ки дар торнамои ин ниҳод нашр шуд, сурат гирифтааст.
Дар ин иттилоия, аз ҷумла омадааст, “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавваҷҷӯҳи донишҷӯён-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки барои дарёфти иҷозати дубораи вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия донишҷӯёну шаҳрвандони аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуда, метавонанд аризаҳои худро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқ кунандаи шахсияташон ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Федералии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд”.
Тибқи омори расмӣ дар ҳоли ҳозир 50 донишҷӯи тоҷик барои дарёфти иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия талош доранд. Ин донишҷӯёни тоҷик ба иддаои масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд.