Сарозер шудани модар бо ду кӯдакаш ба “Куркман ариқ”-и Ҷ. Румӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати ноболиғи яксола дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод, ки дар канали об ғарқ шудааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса рӯзи сеюми август, соати 17:40 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ӯ мегӯяд, Гулҷаҳон Файзова, соли таваллудаш 1981 ҳамроҳии фарзандонаш -- Раҷабгул Файзова соли таваллудаш 2014 ва Муҳаммадҷон Файзов соли таваллудаш 2009 ба ҳезумчинӣ рафта, ҳангоми обнушӣ аз дарёча (канал)-и “Куркман ариқ” ба об меафтанд: “Гулҷаҳон Файзова ва Муҳаммадҷон Файзов наҷот меёбанд, аммо Раҷабгул ғарқ мешавад”.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода меафзояд, кофтукоби ҷасад ҳанӯз натиҷа надодааст. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расида, дар чанд моҳи ахир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи ғарқшавӣ ҷони худро аз даст додаанд.