Ифшои қочоқи тахта аз Томск ба Тоҷикистон
Хадамоти гумруки Томск дар робита ба қочоқи чӯб ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 8 миллион рубл парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Хабаргузории Томск бо такя ба дафтари матбуоти гумрук гуфтааст, як ширкати Новосибирск дар асоси созишномаи тақаллубии иқтисоди хориҷӣ ба Тоҷикистон тахтаҳои дар ин вилоят омодашударо интиқол додааст: “Ширкати Новосибирск тавассути марзи гумрукӣ ба маблағи 8 миллиону 174 заҳор рубл масолеҳи чубиро ғайриқонунӣ интиқол додааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати раҳбарияти ширкат дар асоси моддаи 226.1 Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол бо пардохти ҷарима то як миллион рублро дар назар дорад.