Суҳбати Аслов бо гузоришгари СММ дар бораи риояи ҳуқуқи инсону таъмини оби нӯшокӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳаққи инсон ба оби ошомидании солим ва беҳдошт мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ рӯзи 3 август баргузор шудааст.
Дар вохурӣ ҷонибҳо рӯи масоили таъмини риояи ҳуқуқи инсон ба оби ошомидании солим ва беҳдошт дар Тоҷикистон ибрози назар кардаанд.
Инчунин тарафҳо масъалаи идомаи ҳамкориро дар ин самт дар доираи рӯзномаи рушди устувор баъд аз соли 2015 муҳокима кардаанд.