Курсии пешии “бузургзодаҳо” дар Вазорати хориҷӣ холист
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъйид намуд, ки курсии раҳбари Сарраёсати консулгарии ин ниҳод се моҳ боз холист.
Як манбаъ аз ин вазорат ба "Озодагон" гуфт, моҳи майи соли равон Ҷамшед Каримзода аз мақоми раҳбари сарраёсати консулӣ барканор ва муовини аввали вазири молия таъин шуд.
То оқои Каримзода дар ин курсӣ Манучеҳри Маҳкам, писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ва аз ӯ пештар Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе такя зада буданд.