Кумитаи амният: Қирғизҳо бо силоҳ ва “котейли Молотов” 6 тоҷикро захмӣ карданд
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитати амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия муноқиша миёни тоҷикону қирғизҳоро дар марз шарҳ дода, яке аз дастандаркорони муташанниҷ шудани вазъ дар сарҳадро Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсойи Қирғизистон арзёбӣ кардааст.
Дар иттилоияи ин ниҳод, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, қазия муфассал чунин шарҳ дода шудааст: "25 июли соли ҷорӣ тахминан соати 11.30 дақиқа якчанд истиқоматкунандагони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бо мақсади обёрӣ намудани маҳаллаи номбурда бо оби нӯшокӣ дар наздикии дарёи Исфара ҷамъ омада, қубурҳои обгузар мегузарониданд. Ин ҳангом, истиқоматкунандагони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин иқдом бохабар шуда, бо сардории яке аз иғвогарони маълум - Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсой, ба назди дарёи Исфара ҳозир мешаванд, ки шумораашон тақрибан 130-150 нафарро ташкил медод. Роза Усарова бо ғавғоҳои иғвоангезонааш сокинони маҳаллии қирғизро ба шӯр оварда, ба фоидаи Ҷумҳурии Қирғизистон даровардани роҳи пиёдагарди минтақаи Мазор - оромгоҳи муштараки сокинони деҳаи Сомониёнро ба миён мегузошт”.
Манбаъ мегӯяд, баъд аз хархашаҳои дуҷониба, тахминан соати 16.00 ба ҷои муноқиша раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва раиси ноҳияи Бодканд Кэниш Салихов ҳозир шуда, вохӯрии корӣ оид ба масъалаи мазкур доир намуданд ва ба хулоса омаданд, ки то санаи 28 июл тартиби гузаронидани қубурҳоро ҳал менамоянд: “То ҳол масъалаи бамиёномада ҳалли худро наёфта, ба ҷои ҳодиса аз ҳар ду тараф сокинони маҳалӣ ҷамъ меоянд ва муқобили якдигар сангпартоӣ мекунанд. Дар ин раванд, имрӯз санаи 4 август соати 12.30 аз ҷониби сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд Ҷумҳурии Қирғизистон истифодабарии силоҳи оташфишон-яроқи шикорӣ ва “коктейлҳои Молотов” ба сӯи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониён ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шудаанд".
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти сарҳадии Қирғизистон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар робита ба таниши ахири марзӣ бо Райимбердӣ Дуйшенбиев, сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин суҳбат рӯзи 4 август сурат гирифта, дар он раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба зарурати муътадилсозии вазъ дар хатти марзи ду кишвар таъкид кардаанд. Инчунин ҷонибҳо аз омодагии худ барои ҳамкорӣ дар сурати тағйири вазъ хабар додаанд. Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Тоҷикистон ба макони ҳодиса муовини сардори қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон сафарбар хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон афзудааст, ҳоло барои ҳамоҳангсозии амали мақомоти қудратӣ ба вилояти Бодканд Искандар Мамбеталиев, сардори ситоди ин ниҳод сафарбар шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, намояндагони ду кишвар дар сатҳи ҷамоату ноҳияҳои марзӣ ба хулосае омадаанд, то музокиротро дар сатҳи раҳбарони вилоятҳо идома хоҳанд дод. Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар маҳалли Майи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди ин кишварро муташанниҷ арзёбӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳоло намояндагони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъро пайгирӣ намуда, миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Суҳбати масъулини хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи сангандозии сокинони навоҳии сарҳадии ду кишвар сурат гирифтааст.
Рӯзи 3 августи соли равон таниши марзие дубора дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад. Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ин муноқиша миёни сокинони марзии ду кишвар баъди он сар задааст, ки қирғизҳо роҳи оби тоҷиконро бастаанд: “Вақте тоҷикон хостанд, қубурҳои обгузарро барқарор кунанд, қирғизҳо ба сангзанӣ оғоз карданд. Тоҷикон низ ҷавоб дода, тарафи онҳо санг андохтаанд”.