Ҷаҳиши пасипардагии доллару уфти дигарбораи рубл дар Тоҷикистон
Қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфта, арзиши рубли русӣ поину аз доллари амрикоӣ боло рафтааст.
Субҳи 4 август арзиши 1000 рубл дар лавҳаҳои аксари саррофиҳои шаҳри Душанбе 102-103 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар ҳоле ки рӯзи 2 августи соли равон 1000 рубл 106-108 сомониро ташкил медод.
Хабарнигори “Озодагон”, ки аз чанд нуқтаи саррофии пойтахт субҳи имрӯз, 4 август дидан кард, мегӯяд, қурби доллари амрикоӣ низ тағйир ёфта, дар аксари саррофиҳои пойтахт 100 доллар бар ивази 666 сомонӣ харидорӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар лавҳаҳои саррофиҳо арзиши як доллар 6,52 - 6,54 сомонӣ навишта шудааст.
Тибқи нишондоди лавҳаҳои саррофиҳои Душанбе ҳоло қурби евро низ каме боло рафта, 100 евро дар Тоҷикистон баробар ба 720-722 сомонӣ шудааст.