Худкушии афсари пулис дар Рӯшон баъди тирпаронии маргбор
Як афсари пулис дар ноҳияи Рӯшон субҳи имрӯз, 4-уми август худро парондаст. Манобеи “Озодагон” мегӯянд, Ганҷур Ҳайдарбеков, лейтенанти милиса дар пайи тирпаронии маргбори 29-уми июл даст ба худкушӣ задааст.
Қазияи худкушии афсари милиса ба силоҳи ғайриқонуние рабт дода мешавад, ки бо истифодаи он рӯзи 29-уми июл дар маркази ноҳияи Рӯшон Кименов Бадавлат, донишҷӯи 20-солаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ паронда шуд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, он тирпаронӣ баъди авбошии гуруҳи 9 нафарии сокинони Рӯшон сар задааст: “Рӯзи 29.07.с.2015, тахминан соати 01:00-дақиқа дар назди “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Рӯшон шаҳрвандон: Фарҳодов Наҷиб соли таваллудаш 1992, Акобиршоев Сиёвуш, соли таваллудаш 1996, Рӯзадоров Раҳмат соли таваллудаш 1995, Кименов Бадавлат соли таваллудаш 1995, донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун, Шакарбеков Хушбахт соли таваллудаш 1987, Хушқачинов Шоҳхуррам соли таваллудаш 1997, Фатҳуллоев Алишер соли таваллудаш 1993, Юсуфшоев Арун, соли таваллудаш 1985 ва Сардоров Тавакал соли таваллудашон 1989, сокинони ноҳияи Рӯшон, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-Крузер”, Ёқубов Асрат соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Барӯшонро лату кӯб намудаанд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Ёқубов дар пайи латукӯб ва бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ аз хонаи истиқоматиаш тапончаи тамғаи “Макаров”-ро, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ мекунад: “Дар натиҷа шаҳрванд, Кименов Бадавлат, донишҷӯи бахши дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, аз қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ин ниҳод таъкид мекунад, феълан шаҳрвандони зикршуда бо иттиҳоми авбошӣ ва Ёқубов Асрат, ронандаи мусофиркаши хатсайри Душанбе-Рушон бо иттиҳоми куштор боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд: “Далели шайъӣ силоҳи оташфишони таппончаи “Макаров” гирифта шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.