Ғарқшавии ронанда бо аҳли оилааш дар Варзоб
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 3-юми август дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои ноҳияи Варзоб панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи сабукрави “Опел-Астра”, марди 26-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дохили дарё чаппа шудааст: "Дар натиҷа мусофирони автомашина марди 36-сола ва зани 22-солаи сокинони шаҳри Панҷакент аз дохили дарё баромада, духтарчаи ноболиғи 6-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда ва аҳли оилаи ӯ -- зани 38-сола ва писарчаи яксолааш ба дарё ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт карда нашудааст".
ВКД инчунин таъкид мекунад, сеюми август ронандаи 54-солаи боркаши "Долун", сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, аз паҳлу ва ақиб ба мошини “КАМАЗ-5511” бармехӯрад. “КАМАЗ-5511”, ки таҳти идораи ронанда 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат қарор доштааст, ба чуқурии 100-120 метр чаппа шуда, худи мошини “Долун” ба кӯҳпора бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-5511”, марди 23-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронандагони автомашинаҳо дар беморхона бистарӣ гардидаанд”.