Фикр мекардем онҳо медузданд, аммо маълум шуд, наздиконашон кумак мекунанд
Рустам ГУЛОВ, аз “Блогистон”
Тарҷумаи Сайф САФАР
Чи хуб аст мансабдор будан! Дӯстон, пайвандон, фарзандон, ҳама ба ту туҳфа доданро шурӯъ мекунанд. Ва он ҳам чӣ туфаҳое! Мошин, хона ва дигар туфаҳои гаронбаҳо. Ҳоло ки ба мансаб нарасидаӣ, касе дар суроғат нест. Ҳамин ки савори аспи саманд шудӣ, ҳамагӣ дар муносибат бо ту самимӣ мешаванд. Як навъ таҳавулоти мӯъҷизаосо! Дар маворид рад кардан ба навъе эҳсоси нороҳатӣ мебахшад. Охир, туҳфаҳо аз сидқи дил дода мешаванд. Бо як соддагӣ, аз самими қалб. Бидуни ҳеч кадом андешаи дигар. Ба ин тартиб, ҳамсарат ба як хонум-тоҷири муваффақ табдил мешавад. Чӣ қадр асрор дар ниҳоди занон нуҳуфта аст!
Тӯли ин солҳо, замоне, ки шавҳар як нафари оддӣ буд, ҳамсар ҳам зани хонашини маъмулие беш набуд. Ногаҳон, муваффақият мисли тарошае аз бом афтод. Бидуни ҳеч таҷриба, малака ва таҳсил ба кор мепардозад ва акнун соҳиби тиҷорати бузург аст. Ҳей, ба шавҳараш туҳфа медиҳад. Аммо, он мансабдор, яъне шавҳараш чӣ шуд!? Ӯ, ба соддагӣ, як марди маъмулӣ аст, ки аз ҳисоби ҳамсараш зиндагӣ мекунад. Ҳама чиз бар дӯши ӯ аст ва шавҳар танҳо дар ғами миллат аст! Дигар ҳеч ниёзе ба тиҷорат надорад! Фарзандонашон ҳам ёдамон нараванд. Охир, онҳо низ аз падарашон ғамхорӣ мекунанд. Ин ки мансабдоре бо ҳақмузди 1000-1200 сомонӣ савори мошинҳои 30-50 ҳазор доллара аст, шуморо ба чӣ андеша водор мекунад?! Писараш харидааст! Писари бечора бо ҳамаи заҳмат ва мушкилот, ки тамоми муҳоҷирони тоҷик дучори он ҳастанд, дар Русия кор кард ва ба падараш мошин харид, ки дар назди ҳамкоронаш шарманда набошад. Бо ин ҳама, ҳанӯз дар ҷомеа одамоне кутоҳандеш ҳастанд, ки ба ин чизҳо боварӣ надоранд. Фикр мекунанд, ки “дуздид”, “рабуд”, “пора гирифт”. Аммо, кор аз ин соддатар аст. Ӯ аз ҳисоби туҳфаҳои зан, фарзандон, наздикон ва дӯстонаш зиндагӣ мекунад.