Далер Ғуфронов: Марг дар замони осоишта ҷомеаро воқеан ба таҳлука меоварад
Чаро бо вуҷуди дастури президенту чораандешии мақомот ва вокунишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ раванди марги сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар хотима намеёбад? Чӣ бояд кард, то раванди кушта шудани сарбозон аз дасти хамхидматонашон хотима ёбад? "Озодагон" андешаи се соҳибназари тоҷикро дар ин маврид пурсид.
Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқушинос
Ин ҷо як қатор омилҳое ҳастанд, ки яку якбора решакан кардани “сарбозозорӣ” ё “бобосолорӣ” (дедовшина)дар қисмҳои низомиро ғайриимкон мекунад. Афсаре, ки ду сол қабл ба қисми низомӣ даъват шуда, шаттаи бо ном “дед”-ро хӯрдааст, дар фикри интиқом мешавад ва ҳатман то поёни хидмат қасду ғарази худро амалӣ мекунад. Яъне, сарбози навомадаро таҳти мушту лагад қарор медиҳад, аммо фикр намекунад, ин сарбоз гуноҳ надораду ӯро дигарон латту кӯб намуда буданд. Ба ҳамин васила ин “анъана”-и ғайрирасмию ғайриинсонӣ идома дорад ва хоҳад дошт. Омили дигар ин саҳлангории афсарон дар хизмат, бе назорат мондани сарбозон ва аз рӯи оиннома иҷро накардани салоҳияти худи афсарон мебошад. Агар барои марги ҳар як сарбоз афсарон ва роҳбарони қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, қисмҳои низомӣ бе назорат намемонданд.
Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
Сабаби асосии идома ёфтани ин фоҷиаи бузурге, ки неруҳои мусаллаҳи моро дунболагир аст, яъне аз тарафи ҳамхидматон ба қатл расидани сарбозон, дар сафи артиш вуҷуд доштани падидаи номатлуби “бузургсолорӣ” ё “дедовшина” мебошад. Ин падидаи бадро, ки аз даврони шӯравӣ ба мо мерос мондааст, мо натанҳо натавонистем аз байн бубарем, балки мутаассифона ба назар мерасад, дар даврони истиқлолият бештар шудааст. Барои ҳамин бояд бо ҳамин падидаи номатлуб муборизаи оштинопазир бурда шавад. На танҳо касоне, ки бо ин кор машғул шуда, муртакиби ҷиноят мешаванд, бояд сазовори ҷазои сахттарин бошанд, инчунин бояд фармондеҳони бевосита ва худи вазоратҳои зидахл ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Вобаста ба зиёни расондашуда ҷаримаҳои ҳангуфтеро бояд болои онҳо ба фоидаи зарардидагон таҳмил кард. Имрӯз имконияти зери назорат гирифтани ин падидаи номатлуб дар қиёс бо замони шӯравӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи мо хеле бештар аст. Имрӯз ҳар сари қадам дар хиёбону кӯчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, масоҷид дурбинҳои назоратиро дидан мумкин аст. Чаро аз ин имконият дар қисмҳои ҳарбӣ истифода набарем? Шояд ин кор ба роҳ монда шуда бошад, вале самараи онро надида истодаем. Васоити ахбори омма танҳо бо овардани хабари фоҷиа иктифо накунад. Бояд як маъракаи маҳкум кардани ин падидаи номатлуб пайваста, доимӣ ва густурда ба роҳ монда шавад.
Далер ҒУФРОНОВ, сардабири “Элита”
Ба ростӣ, ман чораандешии мақомотро дар ин самт чандон мушоҳида намекунам. Аввалин мушкиле, ки вобаста ба ин масъала вуҷуд дорад, ин сидқан ҳавасманд набудани масъулин барои ҳалли мушкил аст. Зеро то кунун мо мешунавем, ки аксаран марги зӯроваронаи сарбозонро масъулин нодида гирифта, баръакс фарзияҳои афсонавии ин мусибатро эҷод мекунанд. Ин амал таҳқири сарбозон ва мотамзадагон аст. Агар ҳар кадом аз ин ҳодисаҳоро ҷиддӣ пайгирӣ карда, ба қотилон 26-соли зиндон (на каму на беш!) диҳанд, он замон умеде барои беҳбудӣ пайдо мегардад. Вагарна мо ба рӯзе хоҳем расид, ки ҳеч як марди ин миллат барои ҳимояи Ватан ирода нишон нахоҳад дод. Зеро марг дар замони осоишта ҷомеаро воқеан ба таҳлука меоварад.