Таърихи имрӯз: Мавлуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
СЕШАНБЕ. 4 август - 216-умин рӯзи сол. То поёни сол 149 рӯзи дигар монда
* Абдулазизова (Ҳаётова) Оиша (1921-2012) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Бурҳониддин Баҳоваддинов (1953) – доктори илми тиб, профессор;
* Андрей Волос (1955)- нависанда (зодаи Тоҷикистон);
* Матлуба Ғаффорова (1954) – доктори илми тиб, профессор;
* Мирзо Давлат (1953) – нависанда;
* Ҷамшед Каримов (1940) –арбоби давлатӣ, доктори илми иқтисод, узви вобастаи АИ Тоҷикистон;
* Ҳотам Солеҳбоев (1910-1987)- арбоби давлатӣ;
* Табибӣ (Қосимов Абдулҳаким) (1935)- шоир;
* Самеъҷон Уроқов (1947) – карнайнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Евгений Фала (1913 – 1988) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Барак Обама (1961)- 44-умин президенти ИМА;
= Нахустин маротиба дар ҷаҳон Сирк дар Лондон кушода шуд, 1777;
= Дар ИМА санги аввал барои бунёди пайкараи Озодӣ гузошта шуд, 1884;
= Бо фармони Раёсати Шӯрои олии СССР барои пешравиҳо дар рушди иқтисод ва фарҳанг Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо ордени Ленин сарфароз гардонида шуд, 1967;
= Маҷлиси олии Тоҷикистон қарор "Дар бораи авфи иштирокчиёни даргириҳои сиёсӣ ва низомиро қабул кард, 1997;
= Рӯзи кормандони роҳи оҳан, 1995;
^ Шаҳри Душанбе. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 0-2 м/с. Ҳарорат: шабона 20-22 гарм, рӯзона 38-40 гарм;
^ Навоҳии тобеи марказ. Абрӣ. Дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18-23 гарм, рӯзона 34-39 гарм, дар баландкуҳҳо шабона 13-18 хунук рӯзона 24-29 гарм;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 22-24 гарм, рӯзона 38-40 гарм;
Вилояти Хатлон. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 0-5м/с.Ҳарорат: дар водиҳо 21-26, рӯзона 36-41 гарм, дар доманакуҳҳо шабона 16-21, рӯзона 30-35;
^ Шаҳри Хуҷанд. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 20-22 гарм, рӯзона 37-39 гарм;
Вилояти Суғд. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с . Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18-23, рӯзона 35-40 гарм, дар куҳҳо шабона аз 8-13 гарм, рӯзона 18-23 гарм;
^ Шаҳри Хоруғ. Абрӣ. Борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 15-17 хунук, рӯзона 27-29 гарм;
^ Ноҳияи Мурғоб. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 7-9 хунук, рӯзона 17-19 гарм;
ВМКБ. Абрӣ. Дар баъзе ноҳияҳо борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 14-19 хунук, рӯзона 25-30, дар ШВМКБ шабона аз 6-11, рӯзона 15-20 гарм.
Маълумот аз торнамои meteo.tj
1 доллар 6,2602 сомонӣ
1 ЕВРО 6,8618
10 рубли русӣ 0,1114
1 манати Озарбойҷон 5,9655
1000 риёли Эрон 0,2115
10 тангаи Қазоқистон 0,3340
10 соми Қирғизистон 1,0259
1 юани Чин 1,0081
1 динори Қувайт 20,6539
1 манати нави Туркманистон 1,7886
1 лири Туркия 2,2502
100 суми Узбакистон 0,2431
Маъмулот аз торнамои bmt.tj