Ҷаҳонгир дар Қазоқистон медали тилоро ба гардан овехт
Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари ҷавони тоҷик медали тилои мусобиқаи куштии Қазоқистонро соҳиб шудааст.
Тавре дӯстони Маҷидов дар суҳбат ба “Озодагон” хабар доданд, ин варзишгари 15-солаи тоҷик дар вазни 73 кило ҳамаи рақибони худро мағлуб сохтааст.
Мусобиқаи куштӣ миёни наврасони аз 17 то 15-сола рӯзи 2 августи соли равон дар Қазоқистон баргузор шудааст.
Ҷаҳонгир Маҷидов бародари Хуршед Маҷидов, паҳлавони маъруф ва 17-солаи тоҷик аст, ки тавонистааст, дар вазни 100 кило тӯли шаш соли ахир дар 6 сабқати байналмилалӣ ширкат карда, дар 4-тои он барандаи мақомҳои ифтихорӣ шавад. Аз ҷумла, ӯ соли ҷорӣ як медали тило, ду медали нуқраи ва Ҷоми Аврупоро касб кард.