Табобати раисҷумҳури Афғонистон дар Олмон
Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар яке аз беморхонаҳои Олмон бистарӣ шудааст.
Ба иттилои хабаргузории “khaama Press”, раисҷумҳури Афғонистон аз ноҳияи пояш ҷарроҳӣ шуда, феълан вазнаш хуб арзёбӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмад бо машварати табибони кишвараш чаҳор рӯзи қабл барои ҷарроҳӣ озими Олмон шуда буд.
Ҳарчанд сабаби аслии ҷароҳии раиси ҷумҳуриии Афғонистон аз ноҳияи пояш мушаххас гуфта намешавад, вале вақтҳои ахир ӯ бештар бо пойи баставу асо ба даст дар мазҳари ом зоҳир мешуд.