АКС: Даъвати раҳбари нави Толибон аз ҷангҷӯёнаш дар Афғонистон
Мулло Ахтар Мансур раҳбари тозаинтихоби гуруҳи Толибон пайравони худро ба иттиҳод ва идомаи мубориза даъват кард.
Мулло Мансур бо нашри як навори сабтӣ аз ҷангҷӯёни Толибон дар Афғонистон даъват кардааст, ки муттаҳид бошанду ба муборизаҳои худ идома бидиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки гуруҳи Толибон қаблан хабари марги Муло Умарро тасдиқ карда, аз интихоби раҳбари нави худ хабар дода буд.
Ин гуруҳ гуфт, ҳоло ба ҷои Мулло Умар Мулло Ахтар Мансур раҳбари нави Толибони Афғонистон интихоб шудааст.
Мақомоти Афғонистон низ фавти раҳбари пешини Толибонро тасдиқ карда, гуфтанд, Мулло Умар соли 2013 бар асари беморие дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Карочии Покистон даргузаштааст.
Дар акс: Мулло Ахтар Мансур