Рӯбарӯ бо Президент: Шартномаи барқ “Каломуллоҳ” нест, ки иваз накунем (ВИДЕО)
Мунир Ҳабиб, раиси Ассосиатсияи моҳипарварони вилояти Бадахшон аз нархгузории қимати нерӯи барқ дар ин минтақаи Тоҷикистон, ки бо назардошти қурби доллар болотар рафтааст, ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар шикоят бурд.
Ҷаноби Ҳабиб рӯзи 31 июл дар вохурии Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Хоруғ гуфт, “ширкати “Помир Энержӣ” аз сокинони Бадахшон ҳаққи барқро бо назардошти қурби доллари амрикоӣ меситонад”.
Ин сокини шаҳри Хоруғ инчунин аз баланд будани нархи неруи барқ дар Бадахшон изҳори норозигӣ кард, ки 18 дирам барои ҳар киловатро ташкил медиҳад. Ӯ дар рӯбарӯи раисиҷумҳур изҳор дошт: “Дар кадом кишваре, ки дар он нафт бисёр аст, бензин арзон мебошад ва дар кадом давлате, ки ҷангал зиёд аст, чӯбу тахта арзон мешавад. Аммо дар мо, ки об қариб мардумро мебарад, нархи як киловат нерӯи барқ 18 дирам аст”.
Ӯ афзуд ин масъаларо бо кормандони ширкати “Помир Энержӣ” низ ба миён гузоштаанд: “Бо кормандони ширкати Помир Энержӣ гапзанон мекунем, мегӯянд, ки мо бо Шумо шартнома дорем. Вале шартнома “Каломуллоҳ” нест, ки ӯро иваз накунем”.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарияти ширкати “Помир Энержӣ”, ки дар ин вохурӣ ҳузур дошт, дастур дод, ба ин масъала дар доираи имкониятҳо расидагӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “Ин масъала бояд дида шавад, чун зиндагии мардуми куҳистон бе ин ҳам мушкил аст”.
Ин дар ҳолест, ки ширкати “Помир Энержӣ” дар пайи боло рафтани қурби доллар нархи ҳар киловат барқашро бо пули сомонӣ боло бурда буд. Масъулини ин ширкат иқдоми худро ба боло рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон рабт дода, гуфтанд, мувофиқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержӣ», дар мувофиқа бо хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ҳаққи як киловатт нерӯи барқ бо арзи хориҷӣ 2,75 сент барои аҳолӣ ва идораву муассисаҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ 5,16 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар гардидааст: “Муштариён бояд хуб дарк намоянд, ки ширкат аз беқурбшавии пули миллӣ нисбати арзи хориҷӣ (доллари амрикоӣ) барои ба танзим даровардани нархи ҳаққи пардохти нерӯи барқ нисбати арзи хориҷӣ тибқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энерҷӣ» амал менамояд. Чун қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ то андозае паст рафт, ҳаққи қувваи барқ, агарчи бо доллар бетағйир монд, вале бо сомони қадре баланд рафт”.
Ҳисобукитоби ҳаққи барк бо доллар дар Бадахшон дар ҳолест, ки қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Ин ниҳоди назораткунанда илова намуда буд, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.
Бонки Миллӣ афзудааст, ки дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо сомонӣ роҳандозӣ шаванд.