Бедаракшавии Ҷавлонбеки 24-сола аз шаҳри Хоруғ
Ҷавлонбек Қаландаров, зодаи 24-солаи ноҳияи Ишкошим беш аз як ҳафта мешавад, бедарак шудааст.
Наздикони Қаландаров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ӯ дар шаҳри Хоруғ истиқомат дошт ва аз рӯзи 21 июл ба ин сӯ, беному нишон гаштааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, Ҷавлонбек Қаландаровро бори охир дар назди беморхонаи шаҳри Хоруғ дидаанд: “Ҷавлонбек рӯзи 21 июл барои муоинаи яке аз ангуштони дасташ, ки захмӣ буд ба беморхона рафт ва то ҳол барнагаштааст”.
Наздикони Қаландаров аз сокинон хоҳиш доранд, агар дар бораи макони буду боши пайвандашон иттилое доранд, бо рақамҳои 501236582, 937751289 ва 935012858 тамос бигиранд.