Садамаи нақлиёт: Ҳалокати панҷ нафар дар як рӯз
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи садамаҳои нақлиётии рӯзи 30 июл шаш нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, ронандаи сабукрави “Опел-астра”, марди 65-солаи сокини Бохтар ҳангоми ҳаракат аз самти Данғара ба самти Қӯрғонтеппа дар минтақаи ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар ба автомашинаи “Мерседес-Бенз”-и марди 23-солаи сокини ноҳияи Фархор бармехӯрад: “Дар натиҷа мусофирони “Опел-астра” -- марди 44-сола ва ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Бохтар, инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” -- зани 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 55-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи “Мерседес-бенс” ва мусофиронаш марди 33-сола ва духтарчаи 12-солаи ноҳияи Қубодиён ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ҳодисаи дигари нақлиётӣ дар ҳудуди деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ як марди 32-сола ҷон додааст. “Ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс” марди 32-солаи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди 32-солаи сокини ноҳияи Қумсангирро пахш кардааст. Дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-хабар додааст ВУД.