Клипи таронаи Нозияву овозхони араб дар Тоҷикистон сабт мешавад
Ҳусейн Асирӣ, овозхон ва оҳангсоз аз Баҳрайн аз сабти як суруди муштарак бо Нозияи Кароматулло, сарояндаи маъруфи попи Тоҷикистон хабар додааст.
Асирӣ ба хабаргузории “ал-Ватан” гуфт, суруд “Ту дар куҷоӣ” ном дошта, бо забони тоҷикӣ ва арабӣ иҷро мешавад. Ба қавли ин сарояндаи баҳрайнӣ, ӯ бори аввал аст, ки бо Нозияи Кароматулло суруди муштарак иҷро мекунад ва онҳо ният доранд, моҳи сентябр клиперо дар матни ин тарона таҳия созанд. Асирӣ гуфта, ин клип қарор аст дар Тоҷикистон рӯи навор биёяд. Матни суруди “Ту дар куҷоӣ” ба Эҳсон Аъзамиён таалуқ дошта, оҳангаш аз сӯи Ҳусейн Асирӣ навишта шудааст.
Нозияи Кароматулло духтари хонандаи саршинос Кароматуллои Қурбон аст, ки бештар бо иҷрои таронаҳои поп маъруф аст. "Бе ту", "Бовар намекунам", "Чаро чаро" ва "Ҳамнафас" аз таронаҳои маъруфи ӯянд.
Акс аз хабаргузории "ал-Ватан"