Прокурори генералӣ: "Дача"-и ман замонавӣ нест...
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, як хона, як “дача” ва як мошин дорад. Ӯ дар нишасти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, имрӯз 31 июл гуфт, хона гуфта, "квартира"-ро дар назар дорад: “Дар квартира зиндагӣ мекунам. Дачаи ман замонавӣ нест, даврони Шӯравӣ сохта шуда буд”.
Прокурори генералӣ дар бораи дороии кормандони прокуратура гуфт, метавонанд, эъломияи онҳоро ба хабарнигорон нишон бидиҳанд. Ин суҳбатҳо дар ҳолест, ки расонаҳо чандин бор дар мавриди дороиҳо ва хонаҳову мошинҳои гаронарзиши мансабдорони давлатӣ, ба вижа кормандони мақомоти прокуратура навиштаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ як сол қабл, моҳи июли соли 2014 дар мулоқот бо намояндаҳои мақомоти қудратии кишвар ба ин мавзӯъ дахл кард. Ӯ дар хитоб ба Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулл гуфт: "Ман ба ту чанд бор хонаҳоро бо расму ному насабаш нишон дода будам, ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст? Ё биё саҳар назди бинои додситонӣ меравему мебинем, кӣ бо кадом навъи мошин ба кор меояд. Бубахшед, вақте як додситонӣ дар панҷ ноҳия кор мекунаду панҷ хонаи хидматиро банд мекунад, бар иловаи шахсӣ чигуна ба ӯ метавон бовар кард? Бар иловаи ин дар ҳар ноҳия боз аз ду то се заминро соҳиб мешавад”.
Рӯзи гузашта Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон ҳам гуфт, ҳамагӣ як манзили истиқоматӣ дорад. Ӯ 30 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе гуфт, то таъин шуданаш ба ин вазифа ду хона ва як “дача” дошт, ки падараш харида буд: “Солҳои 90-ум вақте хонафурӯшӣ сар шуда буд, падарам аз пушти бинои куҳнаи Бонки миллӣ харида буд. Боз вақте дар Маҷлиси олӣ кор мекардам, якҷоя бо депутатҳо дар нуҳошёнаи Гулистон як хона гирифтам. Баъдан, ҳамаи онро фурӯхта, дар пушти БДА як ҳавлӣ харидам”. Оқои Ализода афзуд, писараш баъди таҳсил дар Украина ба Душанбе омад ва як сабукрави “Опел” дорад.
Дар ҳамин ҳол, Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини якуми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод (27 июл)гуфт, шахсан аз мошину хонаҳои баландошёнаи кормандони оҷонсӣ иттилоъ надорад. Ӯ афзуд, шояд бархе кормандони ин ниҳод аз ҳисоби тиҷорати наздиконашон соҳиби мошину хона шудаанд: “Чӣ хеле, ки шумо дар оила ҳастед, мумкин бародарон рафиқонашон бошад, ки соҳибкор астанд. Падару модари якхелашон ба соҳикборӣ машғул ҳастанд. Ана ҳамин хел”.