Номаҳо ва дархости Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ
Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон бо ирсоли номаҳои ҷудогона ба унвони Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ ва Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон хостори расидагӣ ба қазияи тахриби намозхонаи аҳли суннат дар шаҳри Теҳрон шудааст.
Ҷаноби Исмоилзиҳӣ дар ин номаҳои худ гуфтааст, “тахриби намозхонаи аҳли суннат дар шаҳри Теҳрон ба душманони Ислом, хушунатталабу ифротгароҳо фурсат медиҳад, то ба ихтилофот доман бизананд. Бахусус дар шароите, ки ифротгароӣ, такфир, тафриқа ва хушунат дар дунё мавҷ мезанаду ҷаҳони Ислом ниёз ба оромиш дорад”.
Ба қавли Мавлавӣ, ин иқдом ба манфиати ҷумҳурии исломии Эрон, манофеи миллӣ ва ваҳдати уммати исломӣ набуд.
Имоми аҳли суннати Зоҳидон таъкид кардааст, ки "таҳаммул накардан", "бетаваҷҷуҳӣ ба хостаҳои мардум" ва "нодида гирифтани воқеиятҳои мавҷуд" сабаби аслии афзоиши ифротгароӣ мебошад.
Ин нома ва дархостҳои Исмоилзиҳӣ дар ҳолест, ки рӯзи 29 июли соли равон намозхонаи аҳли суннати Эрон дар шаҳри Теҳрон аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва неруҳои амниятии ин кишвар тахриб карда шуд.