Вазорати нақлиёт: Нақби “Истиқлол” моҳи октябр боз мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, қарор аст нақби “Истиқлол” моҳи октябри соли равон боз шавад.
Суҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30 июл зимни нишасти матбуотие дар Душанбе гуфт, ҳоло корҳои барқароркунӣ дар ин нақб идома дошта, дар нақша аст, моҳи октябр ҳаракати нақлиёт тавассути он дубора мумкин гардад.
Муовини аввали вазири нақлиёт қайд намуд, ки айни замон корҳо дар масофаи беш аз 3 ҳазор метр ба анҷом расида, кушиш мешавад ҳар чи зудтар нақби мазкур кушода шавад: “Нақби “Истиқлол” аз 23 июни соли 2015 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати баста қарор дорад, мо имрӯз ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, аз 10 ҳазор метре, ки дар ду тарафи роҳ ду тақсим шудааст, 3 ҳазору 700 метрро ба итмом расонидем, ки тибқи ҷадвали корӣ 37 дарсади корҳои пешбинишударо ташкил медиҳад”.
Ҷаноби Мирзоев илова намуд, ки ҳамарӯза ҳудуди 150 метр корҳои бетонрезӣ дар нақб анҷом мешавад ва лоиҳаи алоҳида оиди ҳавокашӣ ва равшансозии нақб низ аз ташхис гузаштааст: “Дар ин хусус низ бо ҷониби Эрон ҳамкорӣ дорем ва бояд ёддоште ба имзо расаду рӯзҳои наздик корҳои равшандиҳӣ ва ҳаводиҳӣ оғоз гардад”.
Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Охири моҳи июни соли равон рафтуо тавассути ин нақб дубора маҳдуд шуда, ҳоло дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон корҳои бозсозию бастани маҷроҳои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ идома дорад.