Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, дар робита ба офати табии ахир дар ин минтақаи кишвар машварати кориеро анҷом додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ин машварати корӣ нимаи дуюми 30 июл бо иштироки аъзои ҳукумат, роҳбарияти вилояти Бадахшон, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласа нахуст Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон баромад карда, иттилоъ додааст, ки айни замон дар минтақаҳои аз офат зарардида корҳои барқарорсозӣ идома дошта, кӯмакҳои яквақтаи Эмомалӣ Раҳмон ва маводи ниёзи аввал пурра ба оилаҳои зарардида дастрас шудааст.
Муовни сарвазири кишвар гуфтааст, корҳои барқарорсозӣ дар роҳи харобгашта, воқеъ дар ноҳияи Шуғнон ба таври шабонурӯзӣ идома дорад: “Корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман хароб гардидааст, тибқи дастуру супоришҳои президенти кишвар ҷараён дорад”. Дар идома Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, Хайриддин Абдураҳимов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ - Нурмаҳмад Ахмедов низ дар робита гузориш додаанд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар афзудааст, ки дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷӯҳи масъулини ҳукумат, аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табииро барои иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳо ҷалб карда, барои ҳарчи зудтар кашидани хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, шабакаи обу корез, таъмини техника барои таъмири роҳҳо ва бунёди пулҳо, таъмини аҳолӣ ва сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, чубу тахта ва дару тиреза супориш додааст.
Инчунин вазорату идораҳо ва мақомотҳои дигари дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои бунёди бинои нави мактаб, бунгоҳи тиббӣ, таъмини хонандагон бо асбобу анҷоми таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, барқарор намудани шиносномаҳои шаҳрвандон ва шинонидани ниҳол ва ободониву кабудизоркунии маҳалҳои шаҳраки навбунед дар ноҳияи Шуғнон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.