АКС: Барои чанд соат масдуд шудани роҳи “Душанбе-Хуҷанд” дар пайи борони сел
Шоми чаҳоршанбеи 29 июл борони зиёд дар мавзеи Сарводаи ноҳияи Айнӣ роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд”-ро пур аз лойю гил намуда, барои чанд соат ҳаракати мошинҳоро қатъ намуд.
Хабарнигори “Озодагон”, ки аз самти Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард, гуфт, борони зиёд, лойю гилро аз теппаҳо рӯи роҳи мошингард фаровард ва сабаби тамбаи садҳо сабукраву боркаш аз ду ҷониби роҳ шуд: “Се “экскаватор” давоми чанд соат талош намуданд роҳро тоза ва барои нақлиётҳо роҳ кушоянд”.