Президент ба осебдидаҳо: Аз сӯзану ришта то гаҳвораи кӯдакатонро таъмин мекунем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз ба афроде, ки дар пайи офатҳои табиии ахир бесарпаноҳ мондаанд, ваъда дод, барои онҳо манзили нав бунёд шуда, “аз сӯзану ришта сар карда, то гаҳвораи кӯдаку тамоми асбобу анҷоми рӯзгори зиндагӣ”-ашон таъмин мегардад.
Дар ин мулоқот, ки чоршанбеи 29 июл сурат гирифт, таъкид шуд, дар пайи офатҳои табиӣ манзилҳои истиқоматии 9 хонавода пурра ва 6 хонаводаи дигар тан қисман зарар дидаанд. Раисиҷумҳур намояндаҳои оилаҳоеро, ки хонаҳояшон хароб шудааст, ба назди худ хонда, гуфт, барои онҳо замин ҷудо гардида, манзилҳояшон низ сохта мешавад. Президент афзуд, аз лаҳзае, ки ин ҳодисаи фавқулода рух дод, дар ҷараён буд: “Чизе ки аз дастам меомад, супориш додам. Шукрона кунед, ки шумо сиҳату саломат ҳастед. Ҳама чиро харидаву фурӯхта мешавад, лекин ҷони инсонро не. Шукрона кунед, ки сиҳату саломат ҳастед, хона ҳам мешавад, дар ҳам мешавад, зиндагӣ ҳам мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфт, супориш додааст, ки то шашуми ноябр ба ҳамаи зарардидаҳо қитъаи замин ҷудо шавад: “Агар хоҳед дар ҳудуди ноҳия, агар нахоҳед дар ноҳияи Данғара бо қитъаи замин таъмин мешавед, хонаҳоро месозанд, аз сӯзану ришта сар карда, то гаҳвораи кӯдаку тамоми асбобу анҷоми рӯзгори зиндагӣ шуморо таъмин мекунем”.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти мухтори куҳистони Бадахшон субҳи 28 июл оғоз шуда, бино ба иттилои расмӣ то 31 моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард.