Таваррум дар Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар ИДМ аст
Мизони аз ҳама баланди таваррум дар бозори истеъмолии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тоҷикистон ва Белорусия ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, нишондоди таваррум аз аввали сол дар Белорусия 53,6 дарсад ва дар Тоҷикистон 8,5 фоизро ташкил додааст. Зимнан, сатҳи таваррум дар Қазоқистон 5,9, Қирғизистон 5,6, Молдова 4,8, Русия 4,7 ва дар Украина ба 4,1 фоиз арзёбӣ мешавад. Мизони пасттарини таваррум бошад, дар Озарбойҷон-2,4 фоиз ва Арманистон-0,2 фисад ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна сатҳи таваррум дар кишварҳои узви давлатҳои ҳамсуд таи моҳҳои январ-август ба 6,6 фоиз баробар шудааст. Масъулини Тоҷикистон сатҳи баланди таваррумро ба болоравии нархи маводи озуқа дар бозори ҷаҳонӣ ва афзоиши боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия рабт медиҳанд.{jathumbnail off}