ВКХ: Унвонии Президент барои иштирок дар ифтитоҳи Масҷиди Маскав даъватнома наомадааст
Масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ҷиҳати иштирок дар ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи Маскав, ки гуфта мешавад, дар Аврупо ҳамто надорад, даъватнома ирсол нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, расонаҳо аз қавли масъулини Идораи муфтиёти Русия навиштанд, ба маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи Маскав раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қатар, Кувайт, Фаластин, Урдун ва Арабистони Саудӣ даъват шуда, намояндагони кишварҳои Туркия, Судон, Либия, Ироқ, Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аллакай аз омодагии худ барои иштирок дар ин маросим хабар додаанд.
Як масъули Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои иштироки раисиҷумҳури кишвар дар расми ифтитоҳи ин ибодатгоҳи мусалмонон мактубе дарёфт накардаанд: “Ҳанӯз ягон хел даъватнома нагирифтаем”.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия низ ба расонаҳои русӣ гуфтааст, Кремл дар бораи сафари раҳбарони кишварҳои исломӣ ва мусалмоннишин ба Маскав барои иштирок дар фтитоҳи Масҷиди Маскав хабар надорад: “Ман дар бораи омодагӣ ба чунин сафар хабаре надорам”.
Торнамои Идораи муфтиёти Русия қаблан навишт, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия феҳрасти раҳбарони кишварҳои даъватшуда дақиқ шудааст.
Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав, ки ба иттилои Идораи муфтиёт дар Аврупо беназир аст, дар хиёбони “Мир”-и пойтахти Русия қомат афрохта, масоҳати он наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъ дар шаш ошёна арзёбӣ мешавад. Ба иттилои Идораи муфтиёти Русия, маросими ифтитоҳи ин масҷид рӯзи Иди қурбон, яке аз ду иди мусулмонон, ки ба рӯзи 24 сентябри соли равон рост меояд, баргузор шуда, дар он сиёсатмадорони шинохта аз кишварҳои исломию мусулмонон ҳузур хоҳанд дошт.