(ВИДЕО) Вазорат: Соли 2016 истеҳсоли 270 ҳазор тонна алюминиум дар назар аст
Дар шаш моҳи ахир дар Тоҷикистон 64 ҳазор тонна алюминиум истеҳсол шудааст. Дар ин бора Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо имрӯз, 29 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе хабар дод.
Ӯ гуфт, ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 0,6 дарсад бештар аст. Оқои Ҳикматуллозода афзуд, дар нақша аст, истеҳсоли алюминиум минбаъд низ афзоиш ёбад: “Дар доираи нақшаҳое, ки ширкати “ТалКО” бо шарикони худ бастааст, дар назар дошта шудааст, ки соли ҷорӣ тармими 300 электролиз ба роҳ монда мешавад. Бо назардошти ин мо дурнамо кардем , ки то охири сол 190 ҳазор тонна алюминиуми аввалия истеҳсол мешавад. Соли оянда ҳаҷми истеҳсоли он то 270 ҳазор тонна афзоиш хоҳад ёфт”.
ВИДЕОИ суҳбати вазир дар бораи истеҳсоли алюминий