Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз наздик шинос гардида, бо роҳбарияти вилоят мулоқот кард.
Тибқи иттилоъ, Оқил Оқилов бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят ошно гардида, ба мутахасссисону масъулини соҳа ҷиҳати самаранок истифодабарии захираҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод. Сипас, сарвазири мамлакат ба корхонаи маъдантозакуниии Адрасмони шаҳри Қайроққум омада, бо вазъи корхонаи мазкур, ки дар коркарди маъданҳои нодир аз корхонаҳои калонтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, аз аз наздик шинос гардид.
Бино ба қавли сарчашма, Оқил Оқиловро дар ин сафар раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ҳамроҳӣ намуданд.{jathumbnail off}