Даргузашти генерал Мамадаёз Навҷувонов
Генрал-майор Мамадаёз Навҷувонов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ аз олам даргузаштааст.
Наздикони марҳум дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, Навҷувонов зуҳри 28 июл дар пайи бемории кутоҳмуддате фавтидааст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, шоми 28 июл ҷанозаи собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон ба зодгоҳаш – ноҳияи Шуғнон интиқол дода мешавад.
Мамадаёз Навҷувонов аз зумраи вазирони ҳукумати Раҳмон Набиев дар Тоҷикистон буд, ки баъд аз барканорияш аз симмати вазирии умури дохилии кишвар ва танқидҳои раиси вақти Шӯрои олии Тоҷикистон – Сафаралӣ Кенҷаев тарафдоронаш назди бинои парлумон таҷаммуъ карда, истеъфои Кенҷаевро талаб карданд. Баъзе аз таҳлилгарони ҷанги дохилии Тоҷикистон ин таҷаммуи ҷонибдорони Навҷувоновро яке аз ангезаҳои шиддатбахши ҷанги дохилӣ донистаанд, ки гӯиё аз ҷониби хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд.
Мамадаёз Навҷувонов соли 1942 дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба дунеё омадаст. Соли 1966 омузишгоҳи олии Вазорати умури дохилии Иттиҳоди Шӯравиро хатм карда, соли 1969 ба Омузишгоҳи олии ВКД-и Итиҳоди Шӯрави дар шаҳри Ленинград дохил шуд. Соли 1975 факултаи Ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Навҷувно солҳои 1975-1979 дар Акдемияи ҳарбии ба номи Фрунзеи шаҳри Москва таҳсил карда, соли 1966 аз мансаби кумандони взвод то қумандони двизия дар шаҳри Душнабе дар куваҳои ҳарбии Вазорати умури дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1972 барои садоқат ва корнамоӣ бо ордени Ситораи сурх мушараф гардид. Ӯ аз соли 1989 то 1992 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст.
Нашрияи "АИФ=МММ", ҳафтаномаи мустақили иттиллоотиву фарҳангии чопи Душанбе моҳи апрели соли 2012 феҳристи сад шахси таърихии Тоҷикистон дар солҳои 1900-2010-ро ба нашр расонида, дар баробари Садриддин Айнӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Лоиқ Шералӣ, Мавлавии Ҳиндустонӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Мирзо аз Мамадаёз Навҷувонов низ ном бурда буд.