Миср дар қатли духтари 14-солаи тоҷик тағояшро айбдор кард
Мақомоти Миср дар қатли Сумая Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик дар Қоҳира тағояшро айбдор кардаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуданд, ки феълан тағои Сумая дар боздошт мебошад.
Қаблан Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қатлшуда Сумая Раҳматова, соли тавалллудаш 2001, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе мебошад, ки моҳи майи соли 2014 ҳамроҳи модар ва се бародари ноболиғаш ба Миср рафтааст. Падари хонавода дар Русия кор мекардааст ва баъди ду-се моҳ аз ҳоли фарзандонаш дар Миср хабар мегирифтааст: “Фарзандонаш дар ягон ҷо таҳсил намекардаанд. Рӯзи 28-уми март Сумая аз модараш хостааст, иҷоза диҳад, ки барои харидани ширинӣ ба мағоза биравад. Одатан ӯ дар давоми 15-20 дақиқа ба хона бармегаштааст, аммо он рӯз баъди ду соат оғуштаи хун ба хона омадааст. Ба суоли модараш, ки чӣ гап шуд, чизе нагуфта, танҳо бо ангуштонаш адади серо нишон додааст. Баъди 20 дақиқаи омаданаш ба хона ҷон додааст”. Атоев изҳор дошт, ҳодиса дар минтақаи Мадинат-ул-Бууси Қоҳира рух додааст.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса аз қавли мақомоти тоҷик дар ин сафҳа нашр мешавад
Маврид ба зикр аст, ки аввали моҳи апрел пулиси Миср аз шиканҷа ва қатли як духтари 14-солаи тоҷик дар шаҳри Қоҳира, пойтахти ин кишвар хабар дод. Бадир Усома, ёрдамчии аввали вазири умури дохилии Миср гуфтааст, ҷасади ин духтари 14-солаи тоҷик бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз дохили манзили истиқоматияш пайдо шудааст.
Расонаҳои мисрӣ аз қавли Бадир Усома хабар додаанд, ки тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз марг мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Бадир Усома таъкид кардааст, ки мақомоти пулиси Миср барои пайдо кардани омилони марги ин духтари тоҷик тамоми талоши худро ба харҷ хоҳанд дод.