АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд
Васила Ғафурова, як соҳибкорзани ноҳияи Ванҷ, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мураббои шифобахшашро дар Хоруғ ба ивази 5 ҳазор сомонӣ харид, соҳиби корхонаи нав шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи пули мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб ба деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ рафта, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти сехи коркарди ангат оғоз бахшид, ки ба Васила Ғафурова тааллуқ дорад: “Корхонаи коркарди ангатро Ғафурова зимни як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ дархост карда буд ва тибқи супориши президент корхона бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори Бадахшон бунёд гардид”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, корхона 6 нафарро ба таври доимӣ ва дар мавсими пухтани ангат, то 25 нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ифтитоҳи корхонаи коркарди ангат ба деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд ташриф оварда, Маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло”-ро дар деҳаи Вишхарвак ифтитоҳ намуд, ки аз ҷониби ҷамъияти “Рухом” бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, дорои ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст.
Ба иттилои манбаъ раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар назди сокинону фаъолони ноҳияи Ванҷ суханронӣ карда, дар оғоз аз ҳодисаи фоҷеабори рӯзи 20 июл, ки 6 кушта барҷой гузошт, зикр намуду изҳори ҳамдардӣ кард: “Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки масъалаи фароҳам овардани шароити зиндагии сокиноне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, инчунин сари вақт барқарор кардани иншооти харобшуда дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дорад. Ҳамаи манзилҳои сокинон то рӯзи 6-уми ноябри соли 2015 сохта ва ба соҳибонашон супорида мешавад”.
Дар идома раисиҷумҳур аз талошҳои ҳукумат барои баҳбуди зиндагии мардум ёдовар шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла соҳибкори заҳматдӯст Васила Ғафурова, ки солҳои тӯлонӣ ба ҷамъовариву истеҳсоли равғани дармонбахши ангат машғул мебошад ва соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов, ки барои ҳамдиёрони хеш маҷмааи сайёҳиву истеҳсолии «Ванҷи боло»-ро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бунёд кардааст, баҳои баланд дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро вазифадор кард, ки минбаъд низ барои соҳибкорони маҳаллӣ, бахусус бонувони боғайрату фидокор дар манотиқи дурдасти кӯҳистон фазои боз ҳам мусоиди соҳибкориро фароҳам оранд ва ба фаъолияти минбаъдаашон кумаки ҳамаҷониба расонанд.