Боздошти корманди меҳмонхона бо иттиҳоми “ташкили фоҳишахона”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 46-солаи шаҳри Хуҷанд хабар додааст.
Торнамои ВКД менависад, ин мард дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад: “Гумонбаршуда рӯзи 26.07. 2015 дар ҳуҷраи яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо кор мекард, барои алоқаи ҷинсӣ намудан, ба шаҳрвандон: марди 22-сола ва зани 29-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ гирифтааст”.