АКС: Шикояти муҳоҷирон аз боздошти дастаҷамъию ҷаримаҳои беасос дар Русия
Як гуруҳи муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Маскав, ки миёни онҳо тоҷикон низ ҳастанд, шикоят доранд, ки аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар бидуни асос боздошт ва ҷарима шудаанд.
Ин гуруҳи муҳоҷирон мегӯянд, дар ҳоле боздошт ва ба муҳлати беш аз 12 соат дар маконе нигаҳдорӣ шудаанд, ки дар қаламрави Русия қонунан ҳузур доранду ҳар моҳ дар ҳаҷми 4 ҳазор рубли русӣ андоз месупоранд.
Раҳмиддин Камолов, яке аз шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ин муҳоҷирони корӣ, ки иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон мебошанд, рӯзи 27 июли соли равон соати 11:00 аз кучаи Фонвизинаи ноҳияи Бутирскийи шаҳри Маскав боздошт шуда, ба Шуъбаи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ин ноҳия интиқол ёфттаанд”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “як қисми муҳоҷирон танҳо баъд аз супоридани “ҷарима” дар ҳаҷми ду ҳазор рубли русӣ соати 03:00-и 28 июл озод шудаанд”. Ӯ афзуд, ки ҳоло(то замон омода шудани хабар) як қисми дигари ин муҳоҷирон дар Шуъбаи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ки шароити хубе надорад, нигаҳдорӣ мешаванду ба қавли дустонашон аз ҳар яки онҳо барои ращоияшон дар ҳаҷми 5 ҳазор рубли русӣ "ҷарима" талаб доранд.
Камолов иддао дорад, ки масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия сабаби боздошту ҷаримабандии муҳоҷиронро, ки шумори онҳо наздик ба 80 нафар аст, шарҳ надодаанду ҳатто бар ивази маблағи “ҷарима” низ расид дода нашудааст.Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Раҳмиддин Камолов