Бозгашти муҳоҷирини тоҷик таҳти назорати сафорати ҶТ қарор мегирад
Гурӯҳи кории сафорати Тоҷикистон дар истгоҳи роҳи оҳани Қазон ва фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба фаъолият шурӯъ кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии сафорати ҶТ дар Русия, ин иқдом барои кӯмак ба ҳамватанонамон, ки аз муҳоҷират ба ватан бозпас мегарданд, таъсис ёфтаааст. Гуфтанист, бо фарорасии фасли тирамоҳ теъдоди зиёди тоҷикистониёни муқими Россия, ба хусус муҳоҷирини меҳнатӣ, ба Тоҷикистон бозмегарданд ва онҳо зимни бозгашт ба ватан, дар истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳои кишвари иқомат дучори мушкилиҳо низ мешаванд. Мутаассифона, дар ин рӯзҳо ашхоси алоҳида ва ҳатто гурӯҳҳое ҳам пайдо мешаванд, ки бо таваҷҷӯҳ ба нияти ҳар чӣ тезтар ба ватан расидани муҳоҷирон, аз соддагӣ ё камтаҷрибагии онҳо истифода мебаранд. Баъзан, ба сабабҳои гуногун ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки боиси пайомадҳои номатлуб мегарданд.
Манбаъ афзуд, аъзои гурӯҳи кории сафорати ҶТ дар ҳамкорӣ бо намояндагони ниҳодҳои дигари расмии Тоҷикистон дар Русия («Роҳи оҳани Тоҷикистон», ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилии кишвар) ба мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон расидагӣ хоҳанд намуд. Аз ин рӯ, аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми гирифториҳо ё зарурат, бо худдорӣ аз «ёриву кӯмак»-и шахсони ношиносу шубҳанок (ва ҳатто ҳамватану ҳамзабони ношинос) бевосита ба аъзои гурӯҳи мазкур ё намояндагони ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар Русия бо шумораи телефонҳо: 690 -41- 86, 8-926 -798 -67 85, 8-925- 078 -53- 45, 589- 50- 52, 8 -903 -763- 87- 56, 8-925- 879 40- 20, 8-926- 153 -99- 71, 8-910- 416- 75- 54, 8-926- 349- 33- 28, 8 -926- 339- 55 68) муроҷиат намоянд.{jathumbnail off}