Сафари Э.Раҳмон аз ифтитоҳи пули 27 миллионӣ дар Ванҷ оғоз шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 28 июл ба вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар кард.
Нахуст Э.Раҳмон дар мавзеи Сурхсангоби ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро ба истифода дод, ки паҳноияш 10,5 метр, дарозиаш 146 метр ва қудрати борбардорияш 100 тоннаро ташкил медиҳад: “Ин пул аз ҷониби ширкати чинӣ аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи июни соли равон бо харҷи 27 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Дафтари матбуоти президент, ҳадафи ин сафари чоррӯзаро “огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти мухтори куҳистони Бадахшон” унвон кардааст. Ба иттилои манбаъ, ин сафар то 31-уми моҳи ҷорӣ идома карда, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ дидан мекунад ва ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими бахшҳои гуногун асос мегузораду бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбату мулоқот анҷом медиҳад: “Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Дарвоз ҳамчунин бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад”.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пешрафти иқтисодиёти ин минтақаи кишвар корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди ангат дар ноҳияи Ванҷ ва корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ менамояд. Ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд: “Инчунин дар ин сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро кушода, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ - истиқлолияти комили энергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 килоВолтаи “Себзор - Хоруғ” бо дарозии 18 километр санги асос мегузорад”.
Манбаъ меафзояд, барои рушди туризм ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз, комплекси туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ ва Маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи Меҳри модар ба нақша гирифта шудааст.
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар пайи гармии шадид ахиран мизони оби рудхонаҳои вилоят баланд шуда, садҳо манзили истиқоматиро хароб ва хонаводаҳои зиёдеро бесарпаноҳ гузошт.