КПСС, бозиҳои геополитикӣ, ҲХДТ-ву ҲНИТ ва хусуру хушдоман
Файзинисо ВОҲИДОВА
Равандҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир ба назар мерасад, бо дарназардошти таҳдид ба суботи ҷомеа дар натиҷаи рӯи кор омадани гуруҳу созмонҳои иртиҷоӣ барои ҳар як кишвари мустақил аз лиҳози ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоӣ як амри маъмул гардидааст. Аммо, кишварҳои абарқудрат аз ҳама лаҳазот манфиати худро пиёда мегардонад. Ба касе пӯшида нест, ки ҷанги бузургманишӣ байни Чину Русия аз як тараф ва Амрикову Исроилу бархе аз кишварҳои Аврупо аз тарафи дигар ҷанбаҳои геополитикӣ дошта, ҳар кадоме мехоҳанд нуфузи худро дар минтақа дошта бошанд. Солҳои ахир аз созмонсозиҳои Путин коршиносон аз эҳтимоли зинда кардани Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҳадс мезананд. Дар давлатдории ҷаҳон Чин бо сохти коммунистии худ боқӣ мондааст. Тоҷикистон гарчанде Русияро шарики стратегии худ меҳисобад, аммо вактҳои ахир бештар ба Чин майл дорад. Айни замон Чин дар як қатор лоиҳаҳои бузурги бахши саноат, энергетика, сохтмон иштирок варзида, дар сармоягузорӣ, савдо, кишоварзӣ яке аз лидерони асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳузури Русия бо пойгоҳи ҳарбӣ ва бозиҳои геополитикиаш бо баҳонаи мубориза алайҳи “Давлати исломӣ” зарурат ба баҳс надорад. Бо вуҷуди сармоягузории бархе аз бахшҳо аз ҷониби Теҳрон, бо назардошти он ки Эрон давлати исломӣ мебошад, аз ин манишҳо истисно мебошад, зеро Тоҷикистон айни замон майли қабули арзишҳои динию мазҳабиро надорад. Амрикои зирак бошад, аллакай эҳсос намудааст, ки чаро Русия ва Чин маҳз дар минтақаи Осиёи Миёна чашм ба Тоҷикистон духтааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ осебпазир аст. Пеш аз ҳама интиқоли пули муҳоҷирони корӣ бо баҳонаи буҳрони иқтисодӣ коҳиш ёфтааст. Мо иқтисодиёти муътадил надорем. Ба ин набудани корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, ҷойҳои корӣ, экспорти молу коло ва даромади мунтазами боҷу андоз боис гардидааст. Бахши хусусӣ, ки таъминкунандаи макроиқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар ҳоли ҳозир дар як вазъи фалаҷ қарор дорад. Андозбандии номуътадил, санҷишҳои бемантиқу пай дар пай, ришваситонӣ, беасос ва сунъӣ ба зимаи тоҷик вогузор намудани пардохти фоизу ҷарима боиси аз фаъолият бозмондани садҳо корхонаҳои хусусӣ гардидаанд.
Аз дигар ҷиҳат Амрико хуб дарк кардааст, Чину Русия бо баҳонаи “кумак кардан” бозгашти сохти шӯравиро маҳз дар Тоҷикистон пиёда карданианд. Агар 70 сол Тоҷикистони Советӣ буд, шояд имрӯз ба ҳамин монанд як модели нави шӯравиро бо системаи яккаҳизбӣ ҷорӣ карданианд. Сафари як гуруҳи узви ҳизби ҳоким таҳти роҳбарии муовини раиси ҲХДТ ба Чин ва боздид аз парлумони коммунистони Чин далолати гаравидан ба КПСС мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар байни ҷомеаи исломии Тоҷикистон ҷанги иттилоотию, динию мазҳабӣ роҳандозӣ шудааст. Бояд дар Тоҷикистон яккаҳизбӣ бошад ва сохторҳои ҳукуматӣ мисли пештара “райком”, “горком”-у “ЦК” бошад. Барои ин ба ҳизби ҳоким ҷомаи нав пӯшонда, шояд ба ҷои КПСС ягон номи дигарро созанд. Муҳим он ки сохти давлатдорӣ мисли коммунистони қарни 20 бошад. Инро Амрико кайҳо дарк кардааст, чун Чин худ давлати коммунистӣ буда, Русия зина ба зина ба самти КПСС қадам мениҳад. Сохти навини давлатдорӣ бо усули демократӣ ва ҳузури бисёрҳизбӣ, ки асосаш гуногунандешӣ аст, дигар тоқатфарсо гардид, зеро идораи давлат, назорати ҷамъиятӣ, иштироки намояндаи аҳзоби сиёсии мухолиф дар парлумон, ҳисобу китоби шаффофи масрафшавии буҷаи давлатӣ барои тасарруфи амволи ғайр монеъа эҷод менамояд. Барои расидан ба ин ҳадафхо пеш аз ҳама бояд мухолифини ҳукумат, рушанфикрон, олимони назари тозадошта саркуб шаванд, ки хоси кишварҳои тоталитарӣ буда, шеваи авторитариро зинда мегардонад.
Тоҷикистон бо маслиҳату кушиши бародарони стратегӣ мақсади аз байн бурдани ҲНИТ, ягона ҳизби хусусияти динидошта дар минтақаро пеша карда, тамоми усулҳоро истифода мекунад. Дигар аҳзоби сиёсӣ ба истиснои наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократ аз аввал гирди ҳизби ҳоким муттаҳид шуда, як барномаю мақсаду маромро пиёда мегардонанд. ҲНИТ ва ҲСДТ ҳизбҳои гапнодаро ва дарди сари ҳукумату шарикони стратегӣ мебошанд. Бинобар ин бояд аз байн бурда шаванд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо "муборизаро" аз ҲСДТ сар карда, баъд ба ҲНИТ гузаштанд. Ба касе пушида нест, ки давоми ду се соли ахир фишорҳо болои ҳизби сиёсии расман ба қайдгирифташудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви он хеле шадиданд. Алалхусус дар пешорӯи маъракаҳои сиёсӣ ин як амали маъмулӣ шудааст. Имсол пеш аз интихоботи парлумонӣ беобрӯ кардани як ҳизби сиёсии қонунӣ тариқи телевизиону дигар ВАО авҷ гирифт.
Кор то ҷое расид, ки ҳатто дар манзили зисти аъзоёни ҳизб таҷҳизоти сабту наворбардориро пинҳонӣ насб карда, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсиро поймол ва ба ҳаёти шахсии онҳо мудохила карданд. Ин шармандатарин амал буд, ки бо ин васила “фарҳанги тоҷикон” ба тамоми дунё муаррифӣ шуд. Бо ин ҳам қаноатманд нагардида, ба ришу сатру либоси онҳо дастдарозӣ карданд. Чун ин ҳам натиҷа надоду наҳзатиҳо бо истифода аз сабру таҳаммул, фарҳанги мусалмонии воло кор гирифтанду гуфтанд, барои онҳо суботи ҷомеа арзиши олӣ дорад, шеваи мубориза тағйир ёфт: азобу шиканҷа ва ситам. Аъзои ҲНИТ-ро ба мақомот оварда, бо таҳдиди кашида гирифтани тиҷорати онҳо, маҳрум кардан аз ризқу рӯзӣ аризаи хориҷ шудан аз узвиятро нависонда ба навор гирифтанд. Сараввал ин амалро аз занҳо оғоз бахшиданд, чун медонанд зан ҳамчун ҷинси латиф тоқати таҳдиду фишорро надорад. Бо ин васила оҳиста оҳиста шеваи таҳдидро боз ҳам ивазу сангинтар намуда, ҳуҷумро ба раиси ҳизб шурӯъ карданд. Бо Муҳидин Кабирие, ки тули даҳсолаҳо барои сабр карданаш зери интиқоду маломати шаҳрвандон қарор гирифта буд ва ҳатто аз ӯ одами ҳукумат ном мебурданду мегуфтанд бо Эмомалӣ Раҳмон созиш бастааст.
Муносибат бо ҲНИТ ҷанги хушдоману арӯсро мемонад. Хушдоман дар назди келин исбот карданӣ аст, ки солҳои сол ҳукмфармо буду хуҷаини оила мебошад ва келин бояд меҳмонӣ ин хонадон бимонад. Келин истодагарӣ мекунад, ки ба мақсади барпо намудани як оилаи солиму мустаҳкам ақди никоҳ бастаасту дар ваъдааш вафодор мебошад. Агар хушдоману келин забони якдигарро наёбанду ба созиш нарасанд, оила солим намешавад. Келин аз баҳри оила мебарояду тарки шавҳар менамояд, хушдоман бошад, дигар барои писараш келини муносиб намеёбад...
Чаро бо ҲНИТ чунин бархӯрд мешавад? Агар мушкил дар исломӣ будани номи ҳизб бошад, хеле мутаасифам, ки мақомот як ҳизби сиёсиро аз муассисаи динӣ фарқ намекунад. ҲНИТ ҳизби сиёсӣ буда, фаъолияташ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбхои сиёсӣ” ба танзим ва ба роҳ монда шудааст. Муассисаи динӣ бошад, ҳеч иртиботе ба ҳизби сиёсӣ надорад. Мутассифона, имрӯз ҳукумат бо ҲНИТ ҳамчун бо як муассисаи динӣ бархӯрд дорад.
Тибқи моддаи 8-и Сарқонун дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зурӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Модоме, ки мафкураи ҳеч як ҳизби сиёсӣ мафкураи давлат ба ҳисоб намеравад, пас чаро аз ҲНИТ дар ҳаросанд? Шояд тарс аз он сарчашма гирад, ки барои сохтани КПСС ҲНИТ монеъа эҷод мекунад ва ҳамчун аҳзоби сиёсии мухолиф аз амали коммунистсозӣ интиқод намояд? Агар мақсад КПСС сохтан бошад, маромашон эҳё намудани давлати коммунистӣ бо ҲХДТ аст, бисозанд, аммо суботи ҷомеа набояд халалдор гардад. Байни дину мазҳаб таҳлука ва фитна андохтан оқибати хуб надорад. Чаро ҳизби сиёсӣ, рушанфикрон, аҳли солими ҷомеа қурбон шавад?
Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст