Барои содир кардани молу маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ надоштани штрихкодҳо вақтҳои охир ба як монеа табдил ёфтааст.
Дар ин бора Амнун Илёев, роҳбари асоссиатсияи рақамгузории ашёҳо- «Gs 1-Тоҷикистон» зимни як нишасти матбуотӣ дар палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иброз дошт. Илёев гуфт: «Вақте молу маҳсулот штрихкод надорад, зимни фурӯши он тоҷирон хазина (касса)-ро сарфи назар мекунанд. Бар асари ин соҳибкор фоидаи иловагӣ мегирад, аммо давлат аз андоз маҳрум мемонад: « Дар Тоҷикистон ягона ниҳоде, ки штрихкод медиҳад, асоссиатсияи рақамгузории предметҳо «Gs 1-и Тоҷикистон» мебошад ва штрихкодҳои он дар 155 давлати дунё эътироф мешаванд. Вале ин маънои онро надорад, ки мо монополист ҳастем. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ дар ҳар як кишвар бояд як то ташкилоти штрихкоддиҳанда бошад».
Илёев мегӯяд, дар Тоҷикистон асосан штрихкодҳои 8 ва 13 рақама дода мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло масъулини ин ё он кишвар маҳсулоти бештирихкодро қабул намекунанд. Номбурда Қазоқистонро мисол оварда таъкид кард, ки гумрукчиёни ин давлат супориш гирифтаанд, ки ба кишварашон маҳсулоти бештрикодро роҳ надиҳанд.{jathumbnail off}