Отамбоев: “Президент бояд нафаре шавад, ки ба Худо бовар дошта бошад”
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд, қасди ба мерос гузоштани қудратро надораду баъд аз анҷоми давраи риёсаташ аз мақоми раҳбарӣ канор хоҳад рафт.
Президенти 59-солаи Қирғизистон, ки аз моҳи декабри соли 2011 зимоми раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад, гуфтааст, ҳатто намехоҳад дар оянда ба курсии нахуствазирӣ ё раиси парлумон такя занад: “Ба президенти ояндаи Қирғизистон халал намерасонам, то вазифаи хешро озоду ором иҷро кунад”.
Отамбоев таъкид кардааст, то анҷоми давраи риёсаташ ду сол боқӣ монда ва ӯ дар ин муддат талош мекунад, то дар саҳнаи сиёсии Қирғизистон чеҳраҳои наву ҷавон бештар зуҳур кунанд: “Мехоҳам, президенти ояндаи ин кишвар шахси содиқе бошад, ки ба Худо бовар дораду мардумро аз нигоҳи миллат тақсимабандӣ намекунад”.
Ӯ бо такя ба оятҳои Қуръони карим афзудааст, мардум барои худ президент интихоб мекунад ва мардумро низ бояд нафари содиқ раҳбарӣ кунад: “Аз ин рӯ, гуфтаанд, мардум чӣ гуна раҳбар намуна!”.
Отамбоев дар хитоб ба сиёсатмадорони кишвараш изҳор доштааст, “ҳар сиёсатмадор бояд бидонад, ки барои ӯ муҳимтар аз ҳама имиҷ аст”.
Дар мавриди нақшаҳои худ баъд аз анҷоми давраи риёсаташ гуфтааст дар аввал мехост, нависанда бошад: “Баъд тоҷир шудан мехостам, аммо ҳоло фикр мекунам, бояд пеш аз ҳама каме истироҳат кунам”.