Пешниҳод ба Ҳукумати Тоҷикистон барои сабукӣ ба соҳибкорон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, санҷишҳои пай дар пайи мақомот соҳибкорони тоҷикро нигарон кардааст.
Лочин Файзуллозода, муовини аввали раиси ин кумита рӯзи 25 июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ҳукумат хостаанд, барои соҳибкорон як қатор сабукиҳо дода шавад. Яке аз ин сабукиҳо кам намудани теъдоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият будааст.
Ӯ мегӯяд, масъалаи соҳиб шудан ба иҷозатномаи фаъолияти соҳибкорӣ ба ислоҳот ниёз дорад ва Кумита низ ин масъаларо дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст: “Кумита ба масъалаҳои иҷозатдиҳӣ ва ё иҷозатномадиҳӣ, ки яке аз омилҳои маҳдудкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, тибқи консепсияи тасдиқшуда ба ислоҳот ниёз дорад, ба унвонии Ҳукумати Тоҷикистон дархост ворид намуд, то гуруҳи корӣ таъсис ёбад ва барои боз ҳам кам намудани миқдори ҳуҷҷатҳо, ки барои додани иҷозат маҳсуб меёбанд, тадбирҳои самарабахш анҷом бидиҳем, албатта мақсади асосии ислоҳот дар он аст, ки соҳибкор барои гирифтани ин ё он ҳуҷҷати танзимкунанди фаъолият бояд ки аз 3 ё 4 рӯз зиёд вақти қимати худро сарф накунад, бояд маблағи муайяни дар доираи қонунгузорӣ пешбинишуда бошад ва миқдори ҳуҷҷатҳо бояд аз 3 ё ҳадди аксар аз 5 адад зиёд набошанд”.
Муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ қайд намуд, ки тасмим доранд, дар хусуси санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ низ сабукиҳоеро ба миён гузоранд. Номбурда гуфт, феълан хушхабар ҳамин аст, ки қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав аз баррасии ҳукумати Тоҷикистон гузашт ва ба Маҷлиси намояндагон барои қабул ва амалӣ шудан ирсол гардидааст.
Лочин Файзуллоев гуфт, дар доираи қонуни мазкур ҷадвали санҷишҳо тавре ба роҳ монда мешавад, ки соҳибкор тариқи онлайн донад, ки мақомот кадом рӯз ба дафтари онҳо барои санҷиш ташриф меоранд: “Дар доираи ин ҳуҷҷат шумо хуб бохабар ҳастед, ки то оне ки нафари санҷишгар худро дар китоби бақайдгирии санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор нагузаронад, санҷиши ӯ аллакай ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Мо вобаста ба ҳар як санҷиш муҳлат муайян кардем ва оянда дар ҳамин қонунгузорӣ инъикос гаштаст, ки санҷиши ҳар як соҳибкор аз рӯи хавфҳо ё шубҳа дар фаъолияти онҳо аз рӯи ҳисоботи пешниҳодкардаашон, анҷом дода мешавад”.
Муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти бомаром дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои соли 2015 бори сеюм ҳамчун кишвари беҳтарин ислоҳотгари ҷаҳон эътироф гардид.
Ҷаноби Файзуллозода илова кард, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар, қонун “Дар бораи сармоягузорӣ”-ро дар таҳияи нав омода сохта, барои баррасӣ ба вазоратҳои дахлдор ирсол кардаанд.