Кумитаи сармоягузорӣ: “Зумрад” ҳанӯз хусусӣ нашудааст
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, барои соҳиб шудан ба осоишгоҳи “Зумрад”, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон даҳ ширкат дар тендер иштирок доранд.
Лочин Файзуллозода, муовини аввали раиси кумита дар нишасти хабарие имрӯз, 27 июл дар шаҳри Душанбе гуфт, барои хусусӣ гардонидани “Зумрад” тендери байналмилалӣ эълон шудааст, ки аз ду давра иборат аст: “Хусусигардонии осоишгоҳ таҳти назорати мо қарор дорад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан як манбаи "Озодагон" гуфт, осоишгоҳи "Зумрад"-ро ширкати "Сомон-Суғд" хусусӣ кардааст. Ин ширкатро ба Ҳасан Асадуллоҳзода, раҳбари "Ориёнбонк" нисбат медиҳанд.