100 дақиқаи ройгон ва иқдоми нави Tcell барои зарардидаҳои офати табиӣ
Кумак тавассути ширкати мобилӣ ба сокинони зардида аз офати табиии ахир дар минтақаи Рашту вилояти Бадахшон, ки дар пайи он даҳҳо хонавода бесарпаноҳ мондааст, имконпазир шуд.
Тавре аз ширкати Тселл ба “Озодагон” хабар доданд, ин ширкат химатрасонии наверо роҳандозӣ кардааст, ки муштариёнаш метавонанд, тавассути он кумаки худро ба ҳамватанони бесарпаноҳмонда дар минтақаи Рашту Бадахшон расонанд.
Масъулини Тселл мегӯянд, онҳо рақами хайриявии “5005”-ро боз кардаанд, ки занг задан ё фиристодани СМС ба он 5 сомонӣ арзиш дорад ва ин маблағ ба сокинони осебдидаи Бадахшону минтақаи Рашт фиристода хоҳад шуд.
Онҳо мегӯянд, дар доираи иқдомҳои хайриявии худ инчунин ба ҳисоби ҳамаи муштариёни минтақаҳои зарардида 100 дақиқаии ройгон ворид кардаанд.